НАҚШАИ ҲАМКОРИҲОИ АМОНАТБОНК БО БДРХ
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 14 октябри соли равон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов бо роҳбарияти Бонки давлатии рушди Хитой Чэн Юан мулоқот намуданд. Дар рафти мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тарафҳо аз ҳамкориҳои солҳои охир байни ду бонки бонуфуз, ки дар доираи Иттиҳодияи байнибонкии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамчунин дар мулоқот аз дастгирӣ ва ҳамкориҳои БДРХ дар лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа ва бозомӯзию тайёр намудани мутахассисони соҳаи бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори миннатдорӣ карда шуд. Тарафҳо дар мулоқоти мазкур ба хулосае омаданд, ки дар ояда самтҳои ҳамкориҳоро васеъ намоянд. Ҳамзамон ҷиҳати ҳамкориҳо оид ба маблағгузориҳои лоиҳаҳои бузург изҳори назар карда шуд ва мутахассисини бонкҳои мазкур вазифадор карда шуданд, ки нақша ва дурнамо барои панҷ соли ояндаро ҷиҳати ҳамкориҳо таҳия ва пешниҳод намоянд. Тарафайн пешниҳод намуданд, ки дар нақша ва дурнамоӣ мазкур ба ташхису баҳогузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ афзалият дода шавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти «Амонатбонк» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






