НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ АНДОЗ ИҶРО ШУД

Октябрь 7, 2009 15:31

                 Хуҷанд, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки дар давоми 9 моҳи гузаштаи соли равон дар шаҳри Хуҷанд 20 корхонаю муассисаи фарҳангӣ ва иҷтимоию маишӣ ба истифода дода шуд.                   Дар ин давра ба муносибати 12 – солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳр корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон – «Хуҷанд – Нику» ба кор даромад. Дар маросими ифтитоҳи он Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт. Ба туфайли ба кор даромадани корхона 250 нафар бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Умуман, дар давоми 9 моҳи гузашта дар шаҳр 7,5 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуд.                   С.Мирхолиқов афзуд, ки дар Хуҷанд фаъолияти ҷамъияти саҳомии «Сано» дубора ба роҳ андохта шуд. Дар натиҷа дар ин ҷо сад нафар бо кор таъмин шуд.                    Ташкили корхонаҳои нав ва ба кор андохтани корхонаҳои азкормонда сабаби афзоиши истеҳсоли мол ва ғанитар гардидани хазинаи давлат мебошанд. Дар давоми 9 моҳи гузашта корхонаҳои саноатии Хуҷанд ба маблағи 176,9 миллион сомонӣ маҳсулот бароварданд. Аз ин ҳисоб қисми даромади буҷети давлат ба андозаи 132,9 фоиз иҷро шуд. Дар натиҷаи барзиёд иҷро шудани нақшаи ҷамъоварии андоз ба ҳисоби буҷет зиёда аз нақша 19,5 миллион сомонӣ гузаронида шуд, — гуфт дар хотима С.Мирхолиқов.

Октябрь 7, 2009 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд