НАШРИЯҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ ТЕҲРОН

Октябрь 19, 2009 14:14

                 Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Чор нашрияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Чархи гардун», «Вечерный Душанбе», «Оила» ва «Нақлиёт» дар 16-умин намоишгоҳи байналмилалии матбуот ва хабаргузориҳо, ки 20 октябр дар Теҳрон оғоз меёбад, иштирок менамоянд.                 Масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки намоишгоҳ як ҳафта идома ёфта, дар он намояндагони матбуот ва хабаргузориҳои 27 давлати дунё ширкат меварзанд.                   Ҳадаф аз ташкили намоишгоҳ ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахши матбуот ва хабаргузориҳои кишварҳои минтақа мебошад. Намоишгоҳ бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон созмон дода шуда, 28 октябр ба анҷом мерасад.

Октябрь 19, 2009 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд