НИГОҲИ ДИГАР БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар» — Наргис Бояҳмедова). — Дар Маскав муаррифии китобҳое, ки ба омӯзиши Осиёи Миёна ва Қафқоз бахшида шудаанд, баргузор гардид. Китобҳои мазкур бо дастгирии Маркази тадқиқоти стратегӣ ва сиёсии Бунёди Роза Люксембург (Олмон) дарҷ шудаанд. Дар чорабинӣ олимон — шарқшиносони шинохтаи ҷаҳонӣ, тадқиқотгарон, мутахассисон иштирок доштанд. Тавре аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав иттилоъ доданд, чорабиниро директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Русия Виталий Наумкин кушода таассуроти худро аз Симпозиуми байналмилалии Душанбе, ки ба 1310 — солагии Имоми Аъзам бахшида шуда буд, чунин баён кард: «Ин конфронс, ба андешаи ман, аз конфронсҳои сатҳи олӣ буд. Бахусус ҳайати иштирокчиёни конфронс муассиркунанда буд, дар ин ҳайат чеҳраҳои маъруфу бузурги Шарқ ва олами ислом, намояндагони муассисаҳои шарқшиносӣ ва исломшиносии ҷаҳон гирд омада буданд. Бо чашми сар дидам, ки Тоҷикистон имрӯз дар минтақа аз давлатҳое ба шумор меравад, ки миёни давлатҳои исломӣ ва Шарқ эҳтиром ва ҷойгаҳи хосаро касб кардааст. Рафти ин Форуми байналмилалӣ ва масоили дар он муҳокимашуда нишон дод, ки баҳогузорӣ ба вазъияти Тоҷикистон тағийроти ҷиддӣ мехоҳад. Лозим аст, ки аз қолабҳои кӯҳнаи баҳогузорӣ ба воқеоти Тоҷикистон даст кашем ва бо диди нав на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба кулли минтақа нигарем». Профессор В.Наумкин ба ҳамкории олимони Тоҷикистон ва Русия дар бахши шарқшиносӣ баҳои баланд дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






