НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ПРОКУРАТУРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Октябрь 14, 2009 17:18

                  Қӯрғонтеппа, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Аз рӯи таҳлилҳои прокуратураи вилояти Хатлон вазъи ҷинояткорӣ дар 9 моҳи соли 2009 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тамоюли зиёдшавӣ дошта, 2258 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 249 ҷиноят зиёдтар ҳаст.                   Дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Вахш, Норак, Ҷ.Румӣ, Панҷ, Кӯлоб,Ҷомӣ,Н.Хусрав,Қумсангир,Қубодиён,Ҳамадонӣ,Темурмалик, Фархор, Ховалинг, Балҷувон назар ба ҳамин давраи соли 2008 ҷиноятҳо зиёд ба қайд гирифта шудаанд.                  Ҷиноятҳои вазнин бошад дар вилоят аз 307 то 301 адад кам гаштааст. Тавре ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов иттилоъ дод, таҳлили категорияи ҷиноятҳо нишон медиҳад, ки кушторҳо аз 15 то 26, ғоратгарӣ аз 19 то 27, роҳзанӣ аз 2 то 6, дуздӣ аз 583 то 624, қаллобӣ аз 234 то 370, авбошӣ аз 94 то 99, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар аз 83 то 102, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ аз 7 то 17 зиёд шуда, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз 11 то 7, садамаҳои нақлиётӣ аз 70 то 54, таҷовуз ба номус аз 21 то 16 адад кам гаштаанд.                  Ошкоршавии ҷиноятҳо дар сатҳи вилоят 93,8% дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта дар як сатҳ қарор дорад.

Октябрь 14, 2009 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд