ОҒОЗИ ҲАФТАИ НОБЕЛӢ

Октябрь 5, 2009 11:49

                 Стокголм, 5 октябр. (АМИТ «Ховар» — vecti.ru). — Имрӯз дар Шветсия ҳафтаи 108 – уми нобелӣ шурӯъ хоҳад гашт.Дар фарҷоми он номҳои барандагони ҷоизаҳои Нобелӣ дар соҳаҳои гуногуни илм эълон карда мешаванд.                  Рӯзҳои наздик дар навбати аввал барандагони ҷоизаи нобелӣ дар соҳаи физиология ва тиб эълон карда хоҳад шуд. 6 октябр номҳои барандагони ҷоизаи нобелӣ дар соҳаи физика, 7 октябр дар соҳаи химия, 8 октябр дар соҳаи адабиёт эълон карда хоҳанд шуд. 9 октябр номи барандаи Ҷоизаи сулҳ эълон карда мешавад. Аз ҳама охир, 12 октябр барандаи «Ҷоизаи ёдбуди Нобел дар соҳаи иқтисодиёт» эълон карда мешавад, ки онро Бонки Шветсия соли 1968 таъсис додааст.                Аз рӯи анъана Кумитаҳои ҷоизаи нобелӣ то рӯзи охир дар бораи барандагони ҷоизаҳо ягон маълумот намедиҳанд.                   Баъзе воситаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла, шореҳи рӯзномаи «Догенс Нюхетер» — и Шветсия Карин Бойс пешгӯӣ мекунад, ки шояд ҷоизаҳои нобелӣ имсол насиби олимони Канада Эрнст Маккаллох ва Ҷеймс Тилл барои кашфиёташон дар соҳаи табобати бемориҳои бофтаҳои хун, олими Фаронса Пер Шамбон дар соҳаи таҳқиқи ресепторҳои гормоналӣ, олимони амрикоӣ Роналд Эванс ва Элвуд Ҷенсен барои таҳқиқи моддаи химиявии энзим, ки ба синтези теломерии хромосомаҳо кӯмак мерасонанд, олимони дигари амрикоӣ Элизабет Блекберн, Карол Грейдер ва Ҷек Шостак барои таҳқиқи ферментҳои химиявӣ ва истифодаи онҳо дар ҷараёни синтези кислотаҳои рионуклеини ва ғайра гардад. Бояд гуфт, ки солҳои гузашта чандин пешгӯии Карин Бойс дар бораи барандагони ҷоизаҳои нобелӣ рост баромада буданд.

Октябрь 5, 2009 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд