РАҲМОНОВ БО ПРЕЗИДЕНТИ СОРБОН МУЛОҚОТ КАРД
Душанбе, 10 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Зимни мулоқоти Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов бо Президенти Донишгоҳи Сорбони Париж Жан Клод Колёр масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин донишгоҳи бонуфузи Аврупо дар бахши маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба роҳ мондан ва тақвияти робитаҳои мутақобилан судмандро дар бахши илму маориф, яке аз қадамҳои муҳим ва афзалиятнок дар шароити рушди ҷаҳони муосир арзёбӣ карданд. Дар назар аст, ки Вазири маорифи Тоҷикистон аз як қатор муассисаҳои олӣ, миёнаи махсус ва ибтидоии Фаронса дидан менамояд. Бояд зикр кард, ки имрӯзҳо вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ҷиҳати иштирок дар конфронси генералии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Фаронса қарор дорад. Тибқи иттилои сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, конфронси мазкур аз 8 то 12 октябр дар Париж идома ёфта, дар он масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф дар доираи ташкилоти СММ оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО баррасӣ мегарданд. Дар конфронс ҳамзамон Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО Кароматулло Олимов иштирок дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






