РИШВАГИРОН ПАНД НАМЕГИРАНД

Октябрь 2, 2009 10:34

                 Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- — Тафтиши парвандаи ҷиноии корманди афсари госпитали низомии шаҳри Чкаловск давом дорад, — иброз дошт сардори маркази матбуотии Вазорати умури дохила Маҳмадулло Асадуллоев.                  Боис ба ёдоварист, ки кормандони хадамоти минтақавии Раёсати мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии дар вилояти Суғд буда, бо гумони даст доштан дар ришвагирӣ, полковники хадамоти тиббӣ Одилҷон Ҳодибоевро ҳангоми гирифтани пора барои пеш аз мӯҳлат озод намудани хизматчии ҳарбӣ Фаррух Шарипов ба маблағи 2 ҳазор доллар дастгир намуданд. Айни замон тафтишоти парвандаи ҷиноии Одилҷон Ҳодибоев давом дорад. Гарчӣ ин мавзӯъ тавассути матбуоти даврӣ пайваста пайгирӣ шуда порагирон зиндонӣ мешаванд, аммо аз чӣ бошад, ки ин амали номатлуб панди дигарон намегардад. 

Октябрь 2, 2009 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд