САФАРИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН БА ВАШИНГТОН АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИМА анҷом ёфт. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин сафари корӣ собиқ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Абдуҷаббор Ширинов ва раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид намояндагӣ мекарданд. Сафари ҳайати корӣ бо мақсади иштирок дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ТИФА (Созишномаи Асосӣ миёни ҳукумати ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушди савдо ва ҷалби сармоягузорӣ) ба амал омад. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ Канагараҷа Сударшан ва Тапио Саавалайнен, бо муовини Намояндаи палатаи тиҷорати ИМА дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (USTR) Майкл Делейн ва роҳбари Хадамоти кор бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Виктория Кадер вохӯрд. Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико муҳокима гардид.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






