САХОВАТИ ҒОЛИБИ МУСОБИҚА

Октябрь 6, 2009 11:17

                 Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Аз 3 то 5 октябр дар варзишгоҳи «Самандар – асри ХХ1» — и шаҳри Турсунзода мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии самбо барои ба даст овардани ҷоизаи Қаҳрамони варзиши ҷаҳон дар соли 1975 Саидмӯъмин Раҳимов баргузор гардид. Дар он варзишгарони зӯртарини 8 давлат – Русия, Белорусия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.                  Мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои ғолиби мусобиқа дар вазни 100 килограмм мошини сабукрави тамғаи «Тойёта – Королла» мукофот муқаррар карда буд. Бояд гуфт, ки Саидмӯъмин Раҳимов дар ҳамин вазн қаҳрамони варзиши ҷаҳон гардида буд. Сарпарастони дигари мусобиқа – «Ориёнбонк», ширкатҳои «Сомон Эйр», «Тетриус петролиум», «Талко» ва «Файз» барои ғолибони вазнҳои гуногун мукофотҳои пулӣ таъсис доданд.                 Дар вазни 100 килограмм варзишгари тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев зимни қувваозмоӣ бо гӯштингири гурҷӣ, қаҳрамони варзиши ҷаҳон Бодабели Миксия бо ҳисоби 8:0 ғалаба ба даст овард. Писари Саидмӯъмин Раҳимов – Саидаҳтам калиди мошини сабукравро дар вазъияти ботантана ба ғолиби мусобиқа супорид.                 Вале Набимуҳаммад Хоркашев калиди мошинро ба раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов супорида, хоҳиш намуд, ки мошинро фурӯшанд ва маблағи онро дар байни хонаҳои бачагони ятим ва бемори ҷумҳурӣ тақсим кунанд.

Октябрь 6, 2009 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ омӯзгорони фаъоли пойтахт қадрдонӣ карда шуданд
Намояндагони ВАО бо хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд
«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад