САНАДИ ТАЪРИХӢ

Октябрь 13, 2009 08:17

                  Cюрих, 13 октябр. (АМИТ «Ховар» — vesti.ru ). – Бори аввал баъд аз мухолифатҳои тӯлонӣ миёни ҷумҳуриҳои Арманистон ва Туркия муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда мешаванд. Вобаста ба ин вазири корҳои хориҷии Туркия Аҳмад Довудӯғлӣ ва вазири корҳои хориҷии Арманистон Эдвард Налбандян созишнома ба имзо расониданд. Ҳамчунин дар Сюрих рӯзи 10 октябр Санад дар бораи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Арманистон ва Туркия ба имзо расид. Акнун созишномаҳоро парлумонҳои ҳар ду кишвар ба тасвиб хоҳанд расонд.                    Муносибатҳои дипломатӣ миёни Туркия ва Арманистон соли 1993 қатъ шуда буд. Бинобар эътирози ҷониби Ереван ба қатли оммавии арманиҳо дар замони ҳукмронии Империяи Усмонӣ ва даъвои Анқара барои ғасби кӯҳистони Қарабоғ аз ҷониби Арманистон рафти гуфтушунидҳоро барои дубора барқарор кардани муносибатҳо ба мушкилӣ дучор мегардид. Дар ҳуҷҷатҳои ба имзо расидашуда оид ба мухолифатҳои зикршуда ишора нашудааст.                    Санад дар бораи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба бо миёнаравии вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров, котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо Хавера Солана ба имзо расонида шуд.

Октябрь 13, 2009 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд