ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ВЕТЕРАНҲО»
Душанбе, 6 октябр.(АМИТ «Ховар», Люмила Дубинина). — 3 октябр дар пойгоҳи низомии 201 Федератсияи Русия дар Тоҷикистон «Рӯзи анъанавии ветеранҳо» ҷашн гирифта шуд. Ҳайати қумондонии пойгоҳи низомӣ ба ин ҷашн иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанговарони интернатсионалистро даъват кард. Сафири фавқуллода ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов, фармондеҳи пойгоҳи низомии Русия полковник Игор Красин, сардори ситоди зудамали қушунҳои сарҳадии Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия Василий Василев, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вячеслав Грудина, директори Бунёди рушди «Пажуҳишгоҳи тадқиқоти Евразия»-и Русия Галина Назарова, директори мактаби миёнаи рақами 6 Мавлуда Турсунова, намояндагони шӯрои ветеранҳои пойгоҳи низомии 201 ва дигар сарпарастон иштирокчиёни ҷамъомадро табрик гуфтанд. Ҳамчунин чорабиниҳои идонаро ҳунармандони оркестри пойгоҳи низомӣ шукӯҳи тоза бахшиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






