ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО АЗ ШАРТНОМА МЕГУРЕЗАНД

Октябрь 29, 2009 09:21

                   Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ доданд, ки дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 25 ҳазору 309 корхона, ташкилоту муассисаҳои фаъолиятдошта, 40,8 фоизашон ба созишнома ва ва шартнома (қарордод) – ҳои коллективӣ фаро гирифта шудаанд. Вазъи бастани созишнома ва шартнома(қарордод) – ҳои коллективӣ дар фаъолияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ ногувор боқӣ мемонад, гарчӣ дар муқоиса бо соли гузашта беҳтар ба назар мерасад.                   Мутаассифона то имрӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ягон созишнома барои сабти ном ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод нашудааст.                   Вазорат бо мақсади муайян намудани вазъи иҷрои Созишномаи генералӣ тасмим гирифтааст, ки якҷоя бо Иттиҳодияи корфармоёни ҶТ ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мунтазам санҷишҳо доир намуда, дар ҳар семоҳа натиҷаи онро баррасӣ намояд.

Октябрь 29, 2009 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд