ТАЪСИРИ БӮҲРОНИ МОЛИЯВИИ ҶАҲОНӢ ЭҲСОС ШУД
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумити давлатии омор, дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ ба маблағи 1 млрд. 110 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 фоиз зиёд аст. Боиси тазаккур аст, ки дар корхонаҳои коркарди пахтаи ҷумҳурӣ дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ҳамагӣ ба маблағи 192,3 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба андозаи 25,5 фоиз камтар аст. Дар корхонаҳое, ки дар ҳайати вазорату идораҳои ҶТ нестанд, дар моҳҳои январ – сентябри соли 2009 ба маблағи 1 млрд. 964, 3 млн. сомонӣ мол истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14, 1 фоиз камтар мебошад.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






