ТАЪСИРИ БӮҲРОНИ МОЛИЯВИИ ҶАҲОНӢ ЭҲСОС ШУД

Октябрь 21, 2009 09:40

                Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумити давлатии омор, дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ ба маблағи 1 млрд. 110 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 фоиз зиёд аст.                 Боиси тазаккур аст, ки дар корхонаҳои коркарди пахтаи ҷумҳурӣ дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ҳамагӣ ба маблағи 192,3 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба андозаи 25,5 фоиз камтар аст.               Дар корхонаҳое, ки дар ҳайати вазорату идораҳои ҶТ нестанд, дар моҳҳои январ – сентябри соли 2009 ба маблағи 1 млрд. 964, 3 млн. сомонӣ мол истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14, 1 фоиз камтар мебошад. 

Октябрь 21, 2009 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд