«ТОҶИК ЭЙР» ДАР ҲАМКОРӢ БО ШИРКАТИ НАВ
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз 2 –юми октябри соли 2009 ширкати «Тоҷик Эйр» ҳамкориро бо ширкати «Ист Эйр», ки роҳбарии онро Эрик Эркинович Абдурахманов ба дӯш дорад қатъ гардонида, минбаъд бо ширкати литвиягӣ дар бораи ба тарзи лизингӣ харидорӣ намудани се ҳавопаймои «Боинг 537 — 500» шартнома ба имзо расонид. Яке аз ин се ҳавопаймо, ки аз ҷониби ширкати «Тоҷик Эйр» харидорӣ мегардад, дар ибтидои моҳи октябр ба мадони ҳавоии Душанбе фуруд омад. Ба гуфти сардори шӯъбаи тарҷума ва алоқа бо васоити ахбори омма Назира Давлатова ширкати «Тоҷик Эйр» ташкилоти тиҷоратӣ буда, шартномаи нави он бо «Avia Asset Manfgement» аз ҷиҳати молиявӣ нисбатан манфиатовар аст ва ҳамвора хусусигардонии ҳавопаймоҳои нав ба манфиати «Тоҷик Эйр» мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






