ВАЗИРИ УМУРИ ХОРИҶАИ ШВЕЙТСАРИЯ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Наргис Бояаҳмадова). — Имрӯз, 5 октябр, вазири корҳои хориҷаи Швейтсария хонум Мишелин Кальми-Рей барои боздиди дурӯза ба Душанбе меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назриев хабар дод. Ҳангоми сафар мулоқоти Мишелин Кальми Рей бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷаи мамлакат Ҳамрохон Зарифӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Швейтсария, инчунин масоили вобаста ба амнияти минтақаро муҳокима мекунанд. Ҳамчунин аз 7 то 9 октябр сафари вазири корҳои хориҷаи Дания Пера Стига Меллер ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо роҳбарияти мамлакат пешбинӣ карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






