ВАЗИРИ УМУРИ ХОРИҶАИ ШВЕЙТСАРИЯ ДАР ДУШАНБЕ

Октябрь 5, 2009 15:34

                 Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Наргис Бояаҳмадова). — Имрӯз, 5 октябр, вазири корҳои хориҷаи Швейтсария хонум Мишелин Кальми-Рей барои боздиди дурӯза ба Душанбе меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назриев хабар дод. Ҳангоми сафар мулоқоти Мишелин Кальми Рей бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷаи мамлакат Ҳамрохон Зарифӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Швейтсария, инчунин масоили вобаста ба амнияти минтақаро муҳокима мекунанд.                    Ҳамчунин аз 7 то 9 октябр сафари вазири корҳои хориҷаи Дания Пера Стига Меллер ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо роҳбарияти мамлакат пешбинӣ карда мешавад.

Октябрь 5, 2009 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид