ҚАБУЛИ ЭЪТИБОРНОМАИ САФИРОНИ ФАЛАСТИН ВА ШРИ — ЛАНКА

Ноябрь 23, 2009 15:40

                   Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз чошти имрӯз эътиборномаҳои сафирони фавқулодда ва мухтори Фаластин ва Шри – Ланкаро қабул намуд.                     Сафири Фаластин Асад Абдулмунъим Алӣ Асад баъди анҷоми маросими супоридани эътиборнома ва мулоқот бо Сардори давлат зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон изҳор намуд, ки Фаластин ба равнақу ривоҷи муносибатҳо бо Тоҷикистон диққати махсус медиҳад. Мо ба нақш ва мақоми Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд медиҳем.                     Қайд карда шуд, ки маъмурияти Фаластин аз СММ ва Шӯрои амнияти он эътирофи мустақилияти давлати Фаластинро тақозо намудаанд. Умед аст, ки Тоҷикистон дар ин масъала Фаластинро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард, гуфт сафир.                    Сафири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри – Ланка Ҷаялот Верракоду изҳор намуд, ки зимни сӯҳбат бо Президенти Тоҷикистон масъалаҳои ривоҷ додани муносибатҳои сиёсии Шри – Ланка ва Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд карда шуд, ки муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии ҳар ду мамлакат ба талаботи рӯз ҷавоб намедиҳанд. Бо вуҷуди ин муносибатҳои сиёсии ҳар ду мамлакат торафт бештар густариш меёбад. Мо бояд муносибатҳоямонро дар соҳаҳои иқтисоду фарҳанг ва соҳибкорӣ низ ривоҷ диҳем, гуфт сафири Шри – Ланка.                      Зикр шуд, ки Шри – Ланка яке аз истеҳсолкунандагони асосӣ ва содиркунандагони чойи аълосифат дар саросари ҷаҳон ба шумор меравад. Мо бояд муносибатҳои худро дар ҳамаи соҳаҳо ривоҷ диҳем.                      Сафири Шри – Ланка изҳор намуд, ки тамоми маҳорат ва дониши худро барои густариши муносибатҳои ҳар ду мамлакат сарф хоҳад кард. 

Ноябрь 23, 2009 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд