ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ҶСК «АГРОИНВЕСТБОНК»

Ноябрь 24, 2009 11:30

                    Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» Шӯрои ҶСК «Агроинвестбонк» 15 декабри соли ҷорӣ Ҷаласаи ғайринавбатии умумии саҳҳомони «Агроинвестбонк» -ро даъват мекунад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ мегарданд: оид ба пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои аъзои Шӯро (Шӯрои назорати) – и ҶСК «Агроинвестбонк», интихоби ҳайати нави Шӯро (Шӯрои назорати) – и ҶСК «Агроинвестбонк», оид ба дастгирии муомилаҳои манфиатноки ҶСК «Агроинвестбонк».                     Шахсони воқеӣ — саҳҳомон барои иштирок кардан дар ҷаласаи мазкур бояд аз қайд гузаранд, шахсони ҳуқуқие, ки аз номи саҳҳомон иштирок кардан мехоҳанд, бояд бо худ боварихати саҳмдоронро мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» ва моддаи 210 Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд.

Ноябрь 24, 2009 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд