БАРРАСИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДУ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 24, 2009 15:15

                   Душанбе, 24 ноябр, (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). –26 ноябр Иттифоқи иттиҳодияҳои ҷамъиятии «Аз баробарии ҳуқуқӣ ба баробарии воқеӣ» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари «Иҷрои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардҳо ва занҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010, мақсадҳои гузошташуда ва натиҷаҳои ба дастомада» доир менамояд.                      Дар ин мизи мудаввар таклифҳо ва тавсияҳо баҳри ба даст овардани мақсадҳои гузошташудаи барномаи давлатӣ аз рӯи фасли «Механизмҳои ниҳодии таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардҳо ва занҳо», оиди ҷалб намудани занҳо ба раванди қабули қарорҳо дар фасли «Зан ва сиёсат», пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои хизмати давлатӣ, барномаи давлатӣ оид ба таъмини дастрасии баробари занҳо ба таҳсил, барномаи давлатӣ ва бартараф намудани қолабҳои гендерӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. 

Ноябрь 24, 2009 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд