БАРРАСИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДУ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 24 ноябр, (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). –26 ноябр Иттифоқи иттиҳодияҳои ҷамъиятии «Аз баробарии ҳуқуқӣ ба баробарии воқеӣ» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари «Иҷрои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардҳо ва занҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010, мақсадҳои гузошташуда ва натиҷаҳои ба дастомада» доир менамояд. Дар ин мизи мудаввар таклифҳо ва тавсияҳо баҳри ба даст овардани мақсадҳои гузошташудаи барномаи давлатӣ аз рӯи фасли «Механизмҳои ниҳодии таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардҳо ва занҳо», оиди ҷалб намудани занҳо ба раванди қабули қарорҳо дар фасли «Зан ва сиёсат», пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои хизмати давлатӣ, барномаи давлатӣ оид ба таъмини дастрасии баробари занҳо ба таҳсил, барномаи давлатӣ ва бартараф намудани қолабҳои гендерӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






