ДАР ҶУМҲУРӢ ЗУКОМИ ХУК БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУДААСТ

Ноябрь 5, 2009 11:08

                 Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 4 ноябри соли равон дар Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини ситод оид ба зукоми нав баргузор гардид.                    Ҷаласаро вазири тандурустии мамлакат Нусратулло Салимов оғоз намуда, ҳозиринро бо ҳолати эпидемиологии мамлакат, вазъи паҳншавии зукоми Н1N1 дар ҷаҳон ошно намуд. Ӯ изҳор дошт, ки барои пешгирии густариши ин вабои аср тамоми чораҳои имконпазирро андешида, корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни мардум ҷоннок ва пурзӯр бояд кард.                  Инчунин, қайд гардид, ки айни замон дар 48 давлатии дунё 52 000 (бо ташхиси озмоишгоҳӣ) ҳодисаи пандемияи зукоми хук ба қайд гирифта шудааст, бе ташхисҳои лабораторӣ зиёда аз 400 000 нафар гирифтори ин вабои аср гаштаанд, ки аз ин миқдор 150 нафар фавтидаанд. Аз кишварҳои ҳамсарҳад дар давлатҳои Қирғизистон, Афғонистон, Чин ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ягон нафар бемори зукоми хук ба қайд гирифта нашудааст.                   Дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли ҷорӣ Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пандемияи зуком тасдиқ гардидааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давоми 3 моҳ се ҷаласаи комиссияи фавқулоддаро баргузор намуд. Вазорати тандурустӣ оид ба ташкили чорабиниҳо зидди паҳншавии зукоми хук дар ҳама минтақаҳо ҷаласаҳо ва машваратҳо гузарониданд.                   Бояд қайд намуд, ки моҳи сентябри соли равон дар назди Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ташхисгоҳи вирусологӣ кушода шуд, ки он барои ташхиси муроҷиаткунандагон пурра омода аст.                   Дар маҷлиси ситод қайд гардид, ки дар маводҳо ва дорувориҳои зиддивирусӣ ба наздикӣ аз ҷониби лоиҳаи ҲОУП (HOPE) ба маблағи 1 220 ҳазор сомонӣ дастрас гардида, ба муассисаҳои вазорат тақсим мешаванд.  

Ноябрь 5, 2009 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст