ГУЗАРГОҲИ МАХСУС ДАР КВД «ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ»

Ноябрь 4, 2009 14:34

                  Душанбе, 4 ноябр (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — КВД "Фурудоҳи байналмилалии Душанбе" яке аз корхонаҳоест, ки аз рӯи реҷаи махсус кор мекунад. Таъмини амнияти парвозҳо, мусофирон, бехатарии парвозҳо, хизматрасонӣ ба мусофирон дараҷаи баланди тахассусии кормандонро тақозо менамояд.                    Парвозҳо ба хориҷи дуру наздик ва минтақаҳои дохили кишвар аз ҷониби 19 ширкати ҳавопаймоӣ амалӣ карда мешаванд. Барои дар сатҳи баланд анҷом додани хизматрасонии техникӣ хадамотҳои марбутаи фурӯдгоҳ донишҳои заруриро аз бар менамоянд. Хизматрасонӣ ба мусофирон бошад, аз рӯи талаботҳои байналхалқӣ анҷом дода мешавад.                    Ширкатҳои ҳавопаймоҳӣ ҳамарӯза парки ҳавопаймоҳои худро нав месозанд аз ин ҷост, ки ба Душанбе ҳавопаймоҳои ҳозиразамон парвоз мекунанд.                   Барои хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳои "Боинг" ва Як -40, ТУ-154, АН-28 ва Ил-76, Ил-86, ки калонтарин ҳавопаймоҳо ба ҳисоб мераванд, аз ҷониби мутахассисини техикии фурудгоҳи Душанбе хизмат расонида мешаванд.                   Барои таъмини амнияти парвозҳо ва пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, ки метавонад амнияти авиатсиониро халалдор намояд, дар фӯрудгоҳи Душанбе гузаргоҳи махсус ба истифода дода шуд. Гузаргоҳ бо техникаи муоинавии ҳозиразамон таҷҳизонида шудааст.                    Акнун тамоми кормандони фӯрудгоҳ , ҳайатҳои парвозӣ ва дигар корафтодагон тариқи гузаргоҳи махсус вориди фурӯдгоҳ мегарданд.                    Ба истифода додани гузаргоҳи нави бо техникаи муосири муоинавӣ таҷҳизонида шуда имкон медиҳад, ки амнияти авиатсионӣ мутобиқи талаботҳои ташкилотҳои байналмилалии назоратӣ дар соҳаи авиатсия таъмин гардида, меъёрҳои байналмилалӣ риоя карда шаванд.

Ноябрь 4, 2009 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд