ГУЗАРГОҲИ МАХСУС ДАР КВД «ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ»
Душанбе, 4 ноябр (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — КВД "Фурудоҳи байналмилалии Душанбе" яке аз корхонаҳоест, ки аз рӯи реҷаи махсус кор мекунад. Таъмини амнияти парвозҳо, мусофирон, бехатарии парвозҳо, хизматрасонӣ ба мусофирон дараҷаи баланди тахассусии кормандонро тақозо менамояд. Парвозҳо ба хориҷи дуру наздик ва минтақаҳои дохили кишвар аз ҷониби 19 ширкати ҳавопаймоӣ амалӣ карда мешаванд. Барои дар сатҳи баланд анҷом додани хизматрасонии техникӣ хадамотҳои марбутаи фурӯдгоҳ донишҳои заруриро аз бар менамоянд. Хизматрасонӣ ба мусофирон бошад, аз рӯи талаботҳои байналхалқӣ анҷом дода мешавад. Ширкатҳои ҳавопаймоҳӣ ҳамарӯза парки ҳавопаймоҳои худро нав месозанд аз ин ҷост, ки ба Душанбе ҳавопаймоҳои ҳозиразамон парвоз мекунанд. Барои хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳои "Боинг" ва Як -40, ТУ-154, АН-28 ва Ил-76, Ил-86, ки калонтарин ҳавопаймоҳо ба ҳисоб мераванд, аз ҷониби мутахассисини техикии фурудгоҳи Душанбе хизмат расонида мешаванд. Барои таъмини амнияти парвозҳо ва пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, ки метавонад амнияти авиатсиониро халалдор намояд, дар фӯрудгоҳи Душанбе гузаргоҳи махсус ба истифода дода шуд. Гузаргоҳ бо техникаи муоинавии ҳозиразамон таҷҳизонида шудааст. Акнун тамоми кормандони фӯрудгоҳ , ҳайатҳои парвозӣ ва дигар корафтодагон тариқи гузаргоҳи махсус вориди фурӯдгоҳ мегарданд. Ба истифода додани гузаргоҳи нави бо техникаи муосири муоинавӣ таҷҳизонида шуда имкон медиҳад, ки амнияти авиатсионӣ мутобиқи талаботҳои ташкилотҳои байналмилалии назоратӣ дар соҳаи авиатсия таъмин гардида, меъёрҳои байналмилалӣ риоя карда шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






