КАНАДА ВА БЕЛГИЯ; МУНОСИБАТҲОИ НАВИ ИҚТИСОДӢ БО ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 25, 2009 10:20

                    Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова) – Сафири Фавқуллода ва Мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стефан Миллар баъд аз супоридани эътиборнома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор кард, ки «Ман дар Тоҷикистон имкониятҳои васеъро барои иштироки ширкатҳои канадагӣ дар иқтисодиёти ин кишвар кашф кардам ва барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Канада ва Тоҷикистон кӯшиш хоҳам кард. Канада омода аст ҳамкориҳоро дар соҳаи гидроэнергетика ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ дар Тоҷикистон ба роҳ монад».                     Ҳамчунин Сафири Фавқуллода ва Мухтори Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Даниэл Бертранд баъд аз маросими супоридани эътиборнома қайд кард кард, ки «Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия дар ибтидои соли равон нахустин гом дар рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба маҳсуб меёбад. Тоҷикистон имрӯз сохтори энергетики худро такмил медиҳад ва мамлакати мо дар ин самт дорои дастовардҳои бузург мебошад. Манн кӯшиш хоҳам кард, ки миёни кишварҳодар ҳамаи самтҳо ҳамкориҳои муфид ба роҳ монда шавад.»                       Имрӯз, супоридани эътиборномаи Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Судон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ҳомид Юсуф дар назар дошта шудааст.

Ноябрь 25, 2009 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд