КАНАДА ВА БЕЛГИЯ; МУНОСИБАТҲОИ НАВИ ИҚТИСОДӢ БО ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова) – Сафири Фавқуллода ва Мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стефан Миллар баъд аз супоридани эътиборнома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор кард, ки «Ман дар Тоҷикистон имкониятҳои васеъро барои иштироки ширкатҳои канадагӣ дар иқтисодиёти ин кишвар кашф кардам ва барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Канада ва Тоҷикистон кӯшиш хоҳам кард. Канада омода аст ҳамкориҳоро дар соҳаи гидроэнергетика ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ дар Тоҷикистон ба роҳ монад». Ҳамчунин Сафири Фавқуллода ва Мухтори Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Даниэл Бертранд баъд аз маросими супоридани эътиборнома қайд кард кард, ки «Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия дар ибтидои соли равон нахустин гом дар рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба маҳсуб меёбад. Тоҷикистон имрӯз сохтори энергетики худро такмил медиҳад ва мамлакати мо дар ин самт дорои дастовардҳои бузург мебошад. Манн кӯшиш хоҳам кард, ки миёни кишварҳодар ҳамаи самтҳо ҳамкориҳои муфид ба роҳ монда шавад.» Имрӯз, супоридани эътиборномаи Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Судон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ҳомид Юсуф дар назар дошта шудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






