МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН
Кобул, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). – 19 ноябр дар пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул маросими савгандёдкунии Президенти мамлакат Ҳамид Карзай баргузор гардид. Президенти Афғонистон зимни суханрониаш ба халқи мамлакат ва номзадҳои мансаби президентӣ барои иштироки фаъолонаашон дар маъракаи интихобот миннатдорӣ изҳор намуд. Ҳ.Карзай ба саҳми калони Комиссияи мустақили интихоботӣ дар ташкилу гузаронидани интихобот ва мақомоти муҳофизи қонуну тартибот дар таъмини амният баҳои баланд дод. Вай зикр намуд, ки мо бояд дар бобати гузаронидани интихоботи шаффофу демократӣ ва тақвият додани нақшу мақоми сохторҳои миллӣ дар ин бобат таҷрибаи бештар ҳосил намоем. Ҳ.Карзай ҳамаи номзадҳои мансаби Президентро даъват намуд, ки якҷоя ба манфиати ободӣ ва шукуфоии мамлакат кор кунанд. Президенти Афғонистон таъмини амниятро яке аз вазифаҳои асосии ҳукумати нав номид. Вай ба тарафдории андешидани тадбирҳои мушаххас барои оғоз кардани гуфтушуниди мусолиматомез бо мухолифин ва силоҳбадастон ақида изҳор намуд. Дар баробари ин таъкид шуд, ки тамоми чунин гуфтушунидҳо бояд дар заминаи Қонуни асосӣ гузаронида шаванд. Ҳ.Карзай изҳор намуд, ки мубориза ба муқобили фасод вазифаи дигари муҳими ҳукумати оянда мебошад. Қайд карда шуд, ки ояндаи наздик барои муҳокимаи масъалаи мазкур дар Кобул конфронси байналхалқӣ гузаронида мешавад. Проблемаи дигаре, ки мо бояд барои ҳалли он тадбирҳои самарабахш андешем, истеҳсоли маводи нашъадор дар Афғонистон мебошад. Президент созмонҳои байналхалқиро даъват намуд, ки ҳаҷми кӯмакро ба Афғонистон барои барқарор сохтани иқтисодиёти он бештар созанд. Президенти Афғонистон изҳор намуд, ки кадрҳо барои ҳалли проблемаҳои мамлакат нақши муҳим мебозанд. Бинобар ин роҳбарияти ояндаи мамлакат бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳад. Ҳ.Карзай ба нақши НАТО ва ИМА дар таъмини бехатарӣ ва амнияти Афғонистон баҳои баланд дод. Қисми асосии суханронии Ҳ.Карзай ба равнақу ривоҷи ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавӣ бо мамлакатҳои ҳамсоя бахшида шуд. Вай аҳамияти рушди муносибатҳои дуҷонибаро бо ИМА ва Русия махсус таъкид кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маросими савгандёдкунии Президенти Афғонистон Президенти Покистон, ноиби президенти Эрон, вазирони корҳои хориҷии Русия, ИМА, Фаронса, Британияи Кабир, Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва намояндагони баландпояи Туркманистон, Олмон, Ҷопон ва мамлакатҳои дигар иштирок намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






