МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН

Ноябрь 20, 2009 10:19

                  Кобул, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). – 19 ноябр дар пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул маросими савгандёдкунии Президенти мамлакат Ҳамид Карзай баргузор гардид. Президенти Афғонистон зимни суханрониаш ба халқи мамлакат ва номзадҳои мансаби президентӣ барои иштироки фаъолонаашон дар маъракаи интихобот миннатдорӣ изҳор намуд. Ҳ.Карзай ба саҳми калони Комиссияи мустақили интихоботӣ дар ташкилу гузаронидани интихобот ва мақомоти муҳофизи қонуну тартибот дар таъмини амният баҳои баланд дод.                  Вай зикр намуд, ки мо бояд дар бобати гузаронидани интихоботи шаффофу демократӣ ва тақвият додани нақшу мақоми сохторҳои миллӣ дар ин бобат таҷрибаи бештар ҳосил намоем. Ҳ.Карзай ҳамаи номзадҳои мансаби Президентро даъват намуд, ки якҷоя ба манфиати ободӣ ва шукуфоии мамлакат кор кунанд.                  Президенти Афғонистон таъмини амниятро яке аз вазифаҳои асосии ҳукумати нав номид. Вай ба тарафдории андешидани тадбирҳои мушаххас барои оғоз кардани гуфтушуниди мусолиматомез бо мухолифин ва силоҳбадастон ақида изҳор намуд. Дар баробари ин таъкид шуд, ки тамоми чунин гуфтушунидҳо бояд дар заминаи Қонуни асосӣ гузаронида шаванд.                   Ҳ.Карзай изҳор намуд, ки мубориза ба муқобили фасод вазифаи дигари муҳими ҳукумати оянда мебошад. Қайд карда шуд, ки ояндаи наздик барои муҳокимаи масъалаи мазкур дар Кобул конфронси байналхалқӣ гузаронида мешавад.                  Проблемаи дигаре, ки мо бояд барои ҳалли он тадбирҳои самарабахш андешем, истеҳсоли маводи нашъадор дар Афғонистон мебошад. Президент созмонҳои байналхалқиро даъват намуд, ки ҳаҷми кӯмакро ба Афғонистон барои барқарор сохтани иқтисодиёти он бештар созанд. Президенти Афғонистон изҳор намуд, ки кадрҳо барои ҳалли проблемаҳои мамлакат нақши муҳим мебозанд. Бинобар ин роҳбарияти ояндаи мамлакат бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳад.                   Ҳ.Карзай ба нақши НАТО ва ИМА дар таъмини бехатарӣ ва амнияти Афғонистон баҳои баланд дод.                  Қисми асосии суханронии Ҳ.Карзай ба равнақу ривоҷи ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавӣ бо мамлакатҳои ҳамсоя бахшида шуд. Вай аҳамияти рушди муносибатҳои дуҷонибаро бо ИМА ва Русия махсус таъкид кард.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маросими савгандёдкунии Президенти Афғонистон Президенти Покистон, ноиби президенти Эрон, вазирони корҳои хориҷии Русия, ИМА, Фаронса, Британияи Кабир, Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва намояндагони баландпояи Туркманистон, Олмон, Ҷопон ва мамлакатҳои дигар иштирок намуданд.

Ноябрь 20, 2009 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд