МУЛОҚОТИ МАРШАЛ ФАҲИМ АФҒОНИСТОН БО САФИРИ ТОҶИКИСТОН
Кобул, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). – Ноиби аввали президенти Афғонистон Муҳаммадқосим Фаҳим 24 ноябр дар Кобул силсилаи мулоқотҳои муҳимро анҷом дод. Ӯ қабл аз чошти дирӯз ҳайати роҳбарикунандаи прокуратураи генералии мамлакатро таҳти роҳбарии прокурори генералӣ Исҳоқ Алеко ба ҳузур пазируфт. Муҳаммадқосим Фаҳим зимни сӯҳбат изҳор намуд, ки дар Афғонистон дар заминаи адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонун ҷомеаи демократӣ бунёд карда мешавад. Ӯ кормандони прокуратураро даъват кард, ки барои тақвияти мубориза ба муқобили қонуншиканӣ ва ришвахӯрӣ тамоми тадбирҳоро андешанд, ки айни ҳол тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакатро фаро гирифтаанд. Роҳбарияти прокуратураи генералӣ ваъда дод, ки барои таъмини риояи ҳатмии қонун ва пешгирии ҷиноят тадбирҳои қатъӣ хоҳад андешид. Сипас ноиби президент зимни сӯҳбат бо роҳбари Раёсати амнияти миллӣ Амрулло Солеҳ масъалаҳои таъмини амниятро баррасӣ намуд. Дар мулоқот ҳайати роҳбарикунандаи разведкаи Афғонистон низ ҳузур дошт. Ноиби аввали президент зикр намуд, ки мақомоти амнияти давлатӣ воҳиди марказии системаи таъмини амнияти ҷомеа мебошанд. Мамлакат айни ҳол ба заҳмат ва ҷидду ҷаҳди шабонарӯзии Шумо эҳтиёҷ дорад. Умед аст, ки мову Шумо якҷоя кор карда, орзую омоли халқи азияткашидаро амалӣ гардонда метавонем, гуфт М.Фаҳим. Ноиби аввали президент дирӯз инчунин бо намояндагони аҳли ҷамъияти мамлакат мулоқот кард. Ӯ зимни мулоқот бо намояндагони шаҳрдории Кобул зикр намуд, ки сокинони пойтахт аз проблемаҳои сершумори муассисаҳои коммуналӣ ба душвориҳои муайян рӯ ба рӯ мегарданд. Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони соҳаи маориф ва созмонҳои занон таъкид карда шуд, ки вазифаи асосии онҳо тайёр намудани кадрҳои варзида, барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад. Афғонистонро танҳо кадрҳое обод хоҳанд кард, ки соҳиби ихтисос буда, таҷрибаи калон омӯхтаанд, гуфт ноиби аввали президенти Афғонистон. Аз рӯи хабари дигар, Муҳаммадқосим Фаҳим инчунин сафири кабири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофиддин Имомовро низ ба ҳузур пазируфт. Дипломати тоҷик Муҳаммадқосим Фаҳимро ба муносибати пирӯзиаш дар интихобот табрик намуда, изҳор намуд, ки Тоҷикистон тайёр аст ба Афғонистон дар масъалаи тайёр намудани кадрҳои варзидаи соҳаҳои гуногун кӯмак расонад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






