РУСҲО ҲАМКОРИРО БО “КӮЛОБ ТЕКСТАЙЛ” ҚАТЪ НАМУДАНД
Кӯлоб, 19 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон Холов).- Раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев, ки дар нахустин рӯзҳои раисиаш эълон карда буд, ки Кӯлобро ба як шаҳри саноатӣ табдил медиҳад, акнун дар ҳалли мушкилоти корхона, яъне таъмин кардан бо қувваи барқ мушкилӣ мекашад. Корхонаи ресандагии шаҳри Ивановои Русия ҳамкориро бо корхонаи ресандагии “Кӯлоб Текстайл” муваққатан қатъ намудааст. Обиддин Неъматов, ҷонишини роҳбари корхонаи мазкур мегӯяд, харидорӣ аслии маҳсулоти онҳо маҳз ҳамин корхона ба шумор мерафт, ки акнун бо сабаби бӯҳрони ҷаҳонии молӣ аз харидории маҳсулот даст кашидааст. Ин дар ҳолест, ки то моҳи гузашта корхона бо иқтидори пурра ришта истеҳсол намуда, онро ба Русия интиқол медод. Ба гуфтаи ӯ, мутаасифона “Кӯлоб Текстайл” ба ҷуз ин корхона бо дигар корхонаҳои хориҷӣ шартнома надошт ва дар ҳамин маврид шартнома бастан низ ғайримумкин гаштааст. Ҷаноби Неъматов мегӯяд, ҳоло иқтидори истеҳсоли қаблии корхона ба маротиб коҳиш ёфтааст. Ба истилоҳ, болои сӯхта намакоб барин идораи барқи шаҳри Кӯлоб низ пайваста барқро дар ин корхона қатъ мекунад, ки ин амал низ боиси поён рафтани истеҳсолот мегардад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулини ин корхона риштаи истеҳсолии онҳо ба талаботи байналмиллӣ ҷавобгӯст. Аммо мутаассифона дар дохили кишвар он харидор надорад. Зеро дар Тоҷикистон корхонаи бузурге, ки тамоми риштаи истеҳсолии “Кӯлоб Текстайл”-ро харидорӣ ва аз он маҳсулот омода кунад, вуҷуд надорад. Дар ҳамин маврид коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, корхонаҳои саноатии Тоҷикистон замони шӯравӣ ва барои тамоми ин иттиҳоди пурқудрат бунёд ёфта буданд. Риштаи истеҳсолии ин коргоҳ замони шӯравӣ ба Украина ва Русия, ки ҷузъе аз ин иттиҳод маҳсуб меёфтанд, барои омода кардани маҳсулоти пахтагӣ ирсол мегардид. Аммо ин сиёсати иқтисодии шӯравӣ пас аз пош хӯрдан ба корхонаҳои саноатии Тоҷикистон зарари ҷиддӣ ворид намуда, ҳатто боиси аз байн рафтани бархеи онҳо гардид. Корхонаи ресандагии “Кулоб Текстайл” аз бузургтарин корхонаи истеҳсоли ришта дар вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Дар ҳоле, ки шартномаи фурӯши риштаро бо корхонаи ресандагии шаҳри Ивановои Русия қатъ кардааст, акнун масъулини корхона дар ҷустуҷӯи ҳамкорони нав қарор доранд.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






