В.ИГНАТЕНКО: «ЖУРНАЛИСТОН НАБОЯД БА ТАҲРИФИ ТАЪРИХ РОҲ ДИҲАНД»
Минск, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар» — Нюс.белта.бу). – 23 ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Белорусия — шаҳри Минск маҷлиси даҳуми шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии давлатҳои ИДМ кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи маҷлис раиси Шӯрои иттилоотии ИДМ, директори генералии ИТАР — ТАСС Виталий Игнатенко сухан кард. Вай зикр намуд, ки агентиҳои иттилоотии мамлакатҳои ИДМ ба муносибати ҷашни 65 – солагии ғалаба дар ҶБВ барномаҳои гуногунро амалӣ месозанд. Дар ин бобат аллакай қадамҳои нахустин гузошта шудаанд. Тайёрӣ ба нашри тақвими идона бахшида ба 65 – солагии ғалаба дар ҶБВ анҷом ёфт, ки барои ҳамаи мамлакатҳои ИДМ ҳуҷҷати хотиравӣ хоҳад гашт. Илова бар ин соли 2010 дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва иштироки ҳамаи миллатҳои шӯравӣ дар ҷанг озмуни аккосон гузаронида мешавад. Ғолибони озмунро ҳайати доварон аз ҷумлаи аъзои Шӯрои иттилоотии ИДМ муайян хоҳад кард. В.Игнатенко махсус зикр намуд, ки масъулияти журналистон дар назди иштирокчиёни чанг ва ветеранҳо ниҳоят бузург аст. Онҳо набояд ба кӯшиши таҳрифи таърих роҳ диҳанд, журналистон бояд тамоми рӯйдодҳои вобаста ба ҶБВ – ро ҳаққонӣ ва воқеъбинона тасвир намоянд. Дар маҷлис инчунин масъалаи тайёр намудани кадрҳои журналистӣ муҳокима карда шуданд. 24 ноябр масъалаи иштироки агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ дар анҷумани ҷаҳонии матбуоти Русия муҳокима карда шуд, ки соли 2010 дар Исроил баргузор мегардад.








Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд






