В.ИГНАТЕНКО: «ЖУРНАЛИСТОН НАБОЯД БА ТАҲРИФИ ТАЪРИХ РОҲ ДИҲАНД»

Ноябрь 25, 2009 10:50

                    Минск, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар» — Нюс.белта.бу). – 23 ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Белорусия — шаҳри Минск маҷлиси даҳуми шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии давлатҳои ИДМ кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи маҷлис раиси Шӯрои иттилоотии ИДМ, директори генералии ИТАР — ТАСС Виталий Игнатенко сухан кард. Вай зикр намуд, ки агентиҳои иттилоотии мамлакатҳои ИДМ ба муносибати ҷашни 65 – солагии ғалаба дар ҶБВ барномаҳои гуногунро амалӣ месозанд.                      Дар ин бобат аллакай қадамҳои нахустин гузошта шудаанд. Тайёрӣ ба нашри тақвими идона бахшида ба 65 – солагии ғалаба дар ҶБВ анҷом ёфт, ки барои ҳамаи мамлакатҳои ИДМ ҳуҷҷати хотиравӣ хоҳад гашт. Илова бар ин соли 2010 дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва иштироки ҳамаи миллатҳои шӯравӣ дар ҷанг озмуни аккосон гузаронида мешавад. Ғолибони озмунро ҳайати доварон аз ҷумлаи аъзои Шӯрои иттилоотии ИДМ муайян хоҳад кард.                       В.Игнатенко махсус зикр намуд, ки масъулияти журналистон дар назди иштирокчиёни чанг ва ветеранҳо ниҳоят бузург аст. Онҳо набояд ба кӯшиши таҳрифи таърих роҳ диҳанд, журналистон бояд тамоми рӯйдодҳои вобаста ба ҶБВ – ро ҳаққонӣ ва воқеъбинона тасвир намоянд.                      Дар маҷлис инчунин масъалаи тайёр намудани кадрҳои журналистӣ муҳокима карда шуданд.                      24 ноябр масъалаи иштироки агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ дар анҷумани ҷаҳонии матбуоти Русия муҳокима карда шуд, ки соли 2010 дар Исроил баргузор мегардад.  

Ноябрь 25, 2009 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар