0,50 ГА ЗАМИН — 1600 ДОЛЛАР?

Декабрь 17, 2009 11:40

                  Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шаҳрванд «И» ба Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Хатлон бо ариза муроҷиат намуд, ки раиси хоҷагии деҳқонӣ-фермерии «Раҳмонҷони Хоҷӣ»-и ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ Барфаков Маҳмадулло барои додани 0,50 га замини наздиҳавлигӣ воқеъ дар деҳаи «Насос-6»-и ноҳияи мазкур, аввали моҳи майи соли 2009 маблағи 1600 доллари ИМА ва 24 май соли 2009 маблағи 850 сомонии онро гирифта, боз маблағи 2200 доллари ИМА-и дигар талаб кардааст.                   Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-оперативӣ М. Барфаков баъди гирифтани маблағи талабкардаи иловагиаш аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дастгир карда шуд. Нисбати Барфаков М. бо моддаи 324 қ.2 Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Декабрь 17, 2009 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд