ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА АФҒОНИСТОН

Декабрь 17, 2009 15:19

                   Москав, 17 декабр (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар шаҳри Маскав ҷаласаи ғайринавбатии Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор гардид, ки дар кори он муовини котиби генералии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Ара Бадалян, ҳамоҳангсозони миллии давлатҳо-аъзои СААД ва намояндагони ваколатдори СААД иштирок карданд.                 Дар рафти ҷаласа нақшаи кории Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон барои нимсолаи аввали соли 2010 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд. Мутобиқи ин ҳуҷҷат ҷонибҳо мунтазам оид ба вазъият дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон, таъсири он ба давлатҳои аъзои Созмон, доир ба ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо-аъзои СААД, дар бораи тайёр кардани мутахассисон барои сохторҳои қудратии ин мамлакат табодули ахбор мекунанд. Ҳамчунин, Гурӯҳи корӣ пешниҳод кардани чораҳоро барои таҳкими ҳамкориҳои СААД бо СММ, САҲА, СҲШ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар қазияи Афғонистон, мубориза бар зидди интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон дар нақша дорад.

Декабрь 17, 2009 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд