ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА АФҒОНИСТОН
Москав, 17 декабр (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар шаҳри Маскав ҷаласаи ғайринавбатии Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор гардид, ки дар кори он муовини котиби генералии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Ара Бадалян, ҳамоҳангсозони миллии давлатҳо-аъзои СААД ва намояндагони ваколатдори СААД иштирок карданд. Дар рафти ҷаласа нақшаи кории Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон барои нимсолаи аввали соли 2010 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд. Мутобиқи ин ҳуҷҷат ҷонибҳо мунтазам оид ба вазъият дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон, таъсири он ба давлатҳои аъзои Созмон, доир ба ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо-аъзои СААД, дар бораи тайёр кардани мутахассисон барои сохторҳои қудратии ин мамлакат табодули ахбор мекунанд. Ҳамчунин, Гурӯҳи корӣ пешниҳод кардани чораҳоро барои таҳкими ҳамкориҳои СААД бо СММ, САҲА, СҲШ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар қазияи Афғонистон, мубориза бар зидди интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон дар нақша дорад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






