АҒБАҲО БАСТА ШУДАНД
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати сохтмони хоҷагиҳои роҳи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳар ду ағбаи нақлиётгузари мамлакат: ағбаи Хобурубот ва ағбаи Анзоб бинобар боридани барф баста шуданд. Ҳар сол аз моҳи ноябр то моҳи май ин ағбаҳои нақлиётгузари мамлакат ба хотири таъмини амнияти мусофирон ва ронандагон баста мешаванд. Айни ҳол ҳаракат ба самти шимоли мамлакат ба воситаи нақби Истиқлол ва ба самти ВМКБ ба воситаи шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Дарвоз ба роҳ монда шудааст. Дар нақби Истилол то ҳанӯз корҳои таъмирӣ — сохтмонӣ идома дошта ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти вазнин аз рӯи реҷа ва барои нақлиёти сабукрав бемаҳдудият иҷозат дода шудааст, -гуфт сарчашма.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






