КӮМАКИ ҶОПОН БА ФЕРМЕРОН

Декабрь 15, 2009 09:52

                 Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Муовини вазири молияи мамлакат Ҷамолиддин Нуралиев бо роҳбарияти намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ Сейджи Кайхо мулоқот анҷом дод.                  Тавре ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рафти мулоқот масъалаи расонидани кӯмаки бебозгашти ҷониби Ҷопон дар доираи барномаи таъмини амнияти озуқавии мамлакат ва дастгирии фермерони тоҷик баррасӣ гардид.                    «Дар шароити шиддат гирифтани буҳрони молиявии ҷаҳонӣ кӯмаки Ҷопон барои кишоварзони кишвар саривақтӣ мебошад», — қайд кард Ҷ.Нуралиев.                     Ҷонибҳо дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон изҳори боварӣ карданд. 

Декабрь 15, 2009 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?