КОРГАРОНИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК БА КУРИЁ МЕРАВАНД?

Декабрь 14, 2009 10:22

                  Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар Душанбе мулоқоти сардори хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, полковники милиса Сафиаллоҳ Девонаев бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон Ким Хюнг Су баргузор гардид.                  Зимни мулоқот масъалаи фиристодани коргарони муҳоҷири тоҷик ба Ҷумҳурии Куриё муҳокима карда шуд.                  С.Девонаев зикр кард, ки мулоқоти ӯ бо сафир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ иқдоми нахустин мебошад. Мо барои фиристодани коргарони муҳоҷир ба мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон тадбирҳои судбахш меандешем, гуфт вай.                   Сафир зикр намуд, ки мамлакаташ ба қувваи кории хориҷӣ эҳтиёҷ дорад ва ҳар сол барои мардикорони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ миқдори муайяни ҷои кор ҷудо карда мешавад. Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои фиристодани коргарони муҳоҷир бояд расман ба Ҳукумати Ҷумҳурии Куриё муроҷиат кунад. Дар ин маврид барои коргарони муҳоҷири тоҷик ҷой ҷудо карда хоҳад шуд, гуфт сафир. 

Декабрь 14, 2009 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд