КОРГАРОНИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК БА КУРИЁ МЕРАВАНД?
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар Душанбе мулоқоти сардори хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, полковники милиса Сафиаллоҳ Девонаев бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон Ким Хюнг Су баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаи фиристодани коргарони муҳоҷири тоҷик ба Ҷумҳурии Куриё муҳокима карда шуд. С.Девонаев зикр кард, ки мулоқоти ӯ бо сафир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ иқдоми нахустин мебошад. Мо барои фиристодани коргарони муҳоҷир ба мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон тадбирҳои судбахш меандешем, гуфт вай. Сафир зикр намуд, ки мамлакаташ ба қувваи кории хориҷӣ эҳтиёҷ дорад ва ҳар сол барои мардикорони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ миқдори муайяни ҷои кор ҷудо карда мешавад. Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои фиристодани коргарони муҳоҷир бояд расман ба Ҳукумати Ҷумҳурии Куриё муроҷиат кунад. Дар ин маврид барои коргарони муҳоҷири тоҷик ҷой ҷудо карда хоҳад шуд, гуфт сафир.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






