МАҶЛИСИ ШӮРОИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛУМОНИИ СААД ДАР САНКТ – ПЕТЕРБУРГ
Маскав, 1 декабря. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 2 декабр дар шаҳри Санкт – Петербург маҷлиси навбатии Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Маҷлис таҳти раёсати раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Борис Гризлов гузаронида мешавад. Дар маҷлис Муншии умумии Созмон Николай Бордюжа иштирок хоҳад кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни маҷлис ҷараёни иҷрои қарорҳои маҷлиси моҳи июни соли равон баргузоргардидаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, натиҷаҳои омӯзиши вазъияти ҳарбию сиёсӣ дар қисмати Аврупои Шарқӣ, Лоиҳаи барномаи ба ҳамдигар наздик ва монанд сохтани қонунҳо дар соҳаи амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои созмон ва масъалаҳои дигарро муҳокима хоҳанд кард. Пагоҳ инчунин маҷлисҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонии СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналхалқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ баргузор мегарданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






