МАҶЛИСИ ШӮРОИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛУМОНИИ СААД ДАР САНКТ – ПЕТЕРБУРГ

Декабрь 1, 2009 10:33

                   Маскав, 1 декабря. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 2 декабр дар шаҳри Санкт – Петербург маҷлиси навбатии Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Маҷлис таҳти раёсати раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Борис Гризлов гузаронида мешавад. Дар маҷлис Муншии умумии Созмон Николай Бордюжа иштирок хоҳад кард.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни маҷлис ҷараёни иҷрои қарорҳои маҷлиси моҳи июни соли равон баргузоргардидаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, натиҷаҳои омӯзиши вазъияти ҳарбию сиёсӣ дар қисмати Аврупои Шарқӣ, Лоиҳаи барномаи ба ҳамдигар наздик ва монанд сохтани қонунҳо дар соҳаи амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои созмон ва масъалаҳои дигарро муҳокима хоҳанд кард.                        Пагоҳ инчунин маҷлисҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонии СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналхалқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ баргузор мегарданд.

Декабрь 1, 2009 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид