МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ҶОИЗАҲОИ НОБЕЛӢ

Декабрь 14, 2009 14:46

                    Стокголм, 14 декабр. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). — 10 декабр дар шаҳрҳои Стокголм ва Осло маросими ботантанаи супоридани ҷоизаҳои ба номи Алфред Нобел дар соҳаҳои гуногун баргузор гардид. Имсол ҷоизаҳои нобелӣ ба 13 нафар олимон ва сиёсатмадорон дода шуд. Шоҳи Шветсия Карли ХУ1 Густав ҳамон рӯз дар бинои филармонияи шаҳр дипломи ифтихорӣ ва медали тиллоро бо акси А.Нобел ба барандагони ҷоизаҳои ӯ супорид.                      Хабар дода мешавад, ки имсол ҷоизаҳои нобелӣ ба олимони амрикоӣ Элизабет Блекберн, Керол Грейдер ва Ҷек Шостак барои кашфи роҳу усулҳои табобати хромосомаҳо, Чарлз Као барои таҳқиқоти илмиаш дар соҳаи интиқоли қувваи барқ ба масофаҳои ниҳоят дароз ба воситаи нахи оптикӣ, Уиллард Бойл ва Ҷорҷ Смит барои сохтани дастгоҳе, ки тасвирҳои телевизиониро ба шакли рақамӣ медарорад, Томас Штайтс ва олими амрикоии ҳиндунажод Венкатараман Рамакришнан барои таҳқиқи илмии сохт ва фаъолияти заррачаҳои дохили бофтаҳо, ки вазифаи онҳо синтези биологии сафеда мебошад, олими исроилӣ Адо Йонат дар соҳаи химия, шоир ва нависандаи олмонӣ Герта Мюллер дар соҳаи адабиёт дода шуданд. Олимони амрикоӣ Элинор Остр ва Оливер Уилямсон барои таҳлили муносибатҳои ғайритиҷоратии иқтисодӣ сазовори ҷоизаи ёдбуди Алфред Нобели Бонки Швейтсария гардидаанд.                      Ба Президенти ИМА Барак Обама ҷоизаи нобелӣ дар Осло супорида шуд.                      Хабар дода мешавад, ки дар маросими супурдани ҷоизаҳои нобелӣ бештар аз ҳазор нафар меҳмони баландпояи хориҷӣ иштирок дошт. Маросими супурдани ҷоизаҳоро 200 нафар кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ пахш намуданд.                       Ба муносибати ба шаҳри Осло ташриф овардани Президенти ИМА тадбирҳои қатъии таъмини бехатарӣ андешида шуданд. Кормандони политсия ва аскарон маҳалли зисти Б.обама ва супоридани ҷоизаи нобелиро иҳота карда, роҳҳои даромаду баромади шаҳрро бастанд. Барои таъмини амнияти Б.Обама дар Осло қариб 23 миллион доллар сарф шуд, ки хароҷоти он ба қимати 16,5 ҷоизаи нобелӣ баробар аст. 

Декабрь 14, 2009 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст