МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ҶОИЗАҲОИ НОБЕЛӢ
Стокголм, 14 декабр. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). — 10 декабр дар шаҳрҳои Стокголм ва Осло маросими ботантанаи супоридани ҷоизаҳои ба номи Алфред Нобел дар соҳаҳои гуногун баргузор гардид. Имсол ҷоизаҳои нобелӣ ба 13 нафар олимон ва сиёсатмадорон дода шуд. Шоҳи Шветсия Карли ХУ1 Густав ҳамон рӯз дар бинои филармонияи шаҳр дипломи ифтихорӣ ва медали тиллоро бо акси А.Нобел ба барандагони ҷоизаҳои ӯ супорид. Хабар дода мешавад, ки имсол ҷоизаҳои нобелӣ ба олимони амрикоӣ Элизабет Блекберн, Керол Грейдер ва Ҷек Шостак барои кашфи роҳу усулҳои табобати хромосомаҳо, Чарлз Као барои таҳқиқоти илмиаш дар соҳаи интиқоли қувваи барқ ба масофаҳои ниҳоят дароз ба воситаи нахи оптикӣ, Уиллард Бойл ва Ҷорҷ Смит барои сохтани дастгоҳе, ки тасвирҳои телевизиониро ба шакли рақамӣ медарорад, Томас Штайтс ва олими амрикоии ҳиндунажод Венкатараман Рамакришнан барои таҳқиқи илмии сохт ва фаъолияти заррачаҳои дохили бофтаҳо, ки вазифаи онҳо синтези биологии сафеда мебошад, олими исроилӣ Адо Йонат дар соҳаи химия, шоир ва нависандаи олмонӣ Герта Мюллер дар соҳаи адабиёт дода шуданд. Олимони амрикоӣ Элинор Остр ва Оливер Уилямсон барои таҳлили муносибатҳои ғайритиҷоратии иқтисодӣ сазовори ҷоизаи ёдбуди Алфред Нобели Бонки Швейтсария гардидаанд. Ба Президенти ИМА Барак Обама ҷоизаи нобелӣ дар Осло супорида шуд. Хабар дода мешавад, ки дар маросими супурдани ҷоизаҳои нобелӣ бештар аз ҳазор нафар меҳмони баландпояи хориҷӣ иштирок дошт. Маросими супурдани ҷоизаҳоро 200 нафар кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ пахш намуданд. Ба муносибати ба шаҳри Осло ташриф овардани Президенти ИМА тадбирҳои қатъии таъмини бехатарӣ андешида шуданд. Кормандони политсия ва аскарон маҳалли зисти Б.обама ва супоридани ҷоизаи нобелиро иҳота карда, роҳҳои даромаду баромади шаҳрро бастанд. Барои таъмини амнияти Б.Обама дар Осло қариб 23 миллион доллар сарф шуд, ки хароҷоти он ба қимати 16,5 ҷоизаи нобелӣ баробар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






