РИШВАСИТОНИИ МУОВИНИ ФИЛИАЛИ БОНК
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муовини директори филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳияи Фирдавсӣ Муродов Комил Каримович аз ваколатҳои мансабиаш истифода намуда, моҳи марти соли 2008 ҳангоми додани кредит ба маблағи 120 000 сомонӣ, аз шаҳрванд «О» маблағи 24 000 сомонӣ ҳамчун ҳаққи хизмат талаб карда, гирифтааст. Ба ҳамин монанд, моҳи июли соли 2008 Муродов К.К. ба шаҳрванд «Х» маблағи 225 000 сомонӣ дода, аз ӯ 22 500 сомонӣ маблағ талаб намуда, гирифтааст. Инчунин, ба шаҳрванд «К» бошад, маблағи зиёда аз 900.000 сомонӣ дода, 29 500 сомонӣ ришва ситонидааст. Дар Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбати Муродов К.К. аз тарафи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе бо моддаи 295 қ.1 ва 279 қ.4-и Кодекси ҷиноии ҶТ паравндаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шуд. Тафтишот идома дорад.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






