ШАҲРВАНДИ ХОРИҶӢ ҶИНОЯТ СОДИР КАРД?

Декабрь 22, 2009 09:08

                 Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). – Тавре аз Шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар иттилоъ доданд, 19 октябри соли 2009 дар асоси маълумоти фаврӣ автомашинаи рақами давлатиаш 2744957, ронандааш шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия Туркмен Халил аз назар гузаронида шуд. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои ВТТ ва инвойси пешниҳод намудаи ронанда дар онҳо иҷозати воридоти маҳсулот аз тарафи гумрук дода нашуда, борҳои дар автомашина буда, аз Ҷумҳурии Туркия ба номи соҳибкор Игамов Юнус Юсупович, сокини ш.Душанбе ворид гардидааст.                  Дар натиҷаи азназаргузаронӣ аз автомашинаи мазкур ба миқдори 427 дона ва 6003 м.2 қолин ва паласҳои зиёдатӣ бо нархи 200 000 сомонӣ дарёфт карда шуд. Дар ҳаракатҳои Туркмен Халил аломатҳои ҷиноятии дар моддаҳои 289 ва 291 КҶ ҶТ пешбинишуда дида шуда, тафтиш давом дорад. 

Декабрь 22, 2009 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд