ШАҲРВАНДИ ХОРИҶӢ ҶИНОЯТ СОДИР КАРД?
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). – Тавре аз Шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар иттилоъ доданд, 19 октябри соли 2009 дар асоси маълумоти фаврӣ автомашинаи рақами давлатиаш 2744957, ронандааш шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия Туркмен Халил аз назар гузаронида шуд. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои ВТТ ва инвойси пешниҳод намудаи ронанда дар онҳо иҷозати воридоти маҳсулот аз тарафи гумрук дода нашуда, борҳои дар автомашина буда, аз Ҷумҳурии Туркия ба номи соҳибкор Игамов Юнус Юсупович, сокини ш.Душанбе ворид гардидааст. Дар натиҷаи азназаргузаронӣ аз автомашинаи мазкур ба миқдори 427 дона ва 6003 м.2 қолин ва паласҳои зиёдатӣ бо нархи 200 000 сомонӣ дарёфт карда шуд. Дар ҳаракатҳои Туркмен Халил аломатҳои ҷиноятии дар моддаҳои 289 ва 291 КҶ ҶТ пешбинишуда дида шуда, тафтиш давом дорад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






