ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНАИ МАКТАБИЁН ТАМДИД ШУД
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Бо фармони вазири маорифи мамлакат Абдуҷаббор Раҳмонов таътили зимистона барои мактаббачагон ба муддати ду ҳафта тамдид шуд. Мувофиқи иттилои котиби матбуотии вазорати маориф таътили зимистона аз 29 декабри соли ҷорӣ оғоз ёфта 24 январи соли оянда тамом мешавад. Мақсади тамдид шудани таътили зимистона танзими таътили мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳифзи сиҳатии хонандагон мебошад. Айни ҳол дар мамлакат 4 ҳазор мактабҳои маълумоти умумӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 1 миллион хонандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






