БОНКҲО МУШТАРИЁНРО ҲАВАСМАНД МЕГАРДОНАНД
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев). — Чанде аз муштариёни бахши «Ориёнбонки» Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо тӯҳфаҳои қимматбаҳо соҳиб шуданд. Дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси бахши «Ориёнбонк» дар ВМКБ Навниҳол Ёдалиев гуфт, ки «Мо ҳамасола бозии бурдҳо ташкил мекунем, Дар ин бози шахсоне ҳуқуқи иштирок кардан доранд, ки маблағи пасандозашон беш аз се ҳазор сомонӣ бошад. Инчунин дар ин бозӣ мошини сабукрав низ пешниҳод шудааст». Н. Ёдалиев ҳамчунин афзуд, ки дар бозии навбатӣ муштариён соҳиби компютер, маркази мусиқӣ ва дастгоҳи мавҷгири параболӣ гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






