ХУНУКНАЗАРИИ СОҲИБКОРЗАН
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар кошонаи ҳусни «Гулистон» воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ, ки ба соҳибкорзан Ҷамила Зоҳирова тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад. Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев, аз алангаи оташ дар масоҳати 6 метри мураббаъ шифти аз масолеҳи пластика сохташуда ва ашёи дохили кошона сӯхта корношоям гардид. Эҳтимол меравад, ки сӯхтор дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо ба вуҷуд омада бошад, ки ин аз беэҳтиётӣ ва хунукназарии соҳибкорзан Ҷ. Зоҳирова дарак медиҳад, гуфт Кароматулло Абдуллоев. Айни замон аз тарафи ХДО сабаб ва зарари сӯхтор муайян карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






